БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ТЭТ ҲНИ МАДАНИЯТИ МО ШАҲРВАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСРО БО БЕСАВОДИАТОН ШАРМАНДА НАСОЗЕД!

ВОКУНИШ. Ваҳдату якдилӣ моро боҳам овард. Сарҷамъии мардуми тоҷик бошад файзу баракати хар як хонадонро фузуда мегардонад. Бо умеди он, ки дар умқи дилҳо тухми умед ба ояндаи нек кишта гардад, то ҷаҳон орому заминиён осуда бошанд, шукрона, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ зиндагии хушу хуррамро ба сар бурда истодаем.

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Мо шаҳрвандони он шукрона мекунем, ки дар чунин давлати ободу зебо ва муҳимтар аз ҳама дар фазои мутаҳҳидиву ягонагӣ умр ба сар мебарем, ки дар саргаҳи ин амалҳои нек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Навори видеоие, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук оид ба гирдиҳамоӣ дар Варшава нашр шуд, ба ин беномусону бевиҷдонҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ гуфтани ҳастем, ки ин қадар ба мардуми ҷаҳон маданияти мо шаҳрвандони бонангу номусро бо бесаводиатон шарманда насозед.

Оё гирдиҳамоиро бо панҷ нафар гурезагони дарбадар ташкил кардан мумкин аст? Мо ба ягон гирдиҳамоӣ эҳтиёҷе надорем, зеро ин гирдиҳамоӣ ҳатман яке аз нақшаҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ буда, чун ҳарвақта муқобили оромиву осудагии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

 Ташкилоти байналмиллалӣ ва олимони ҷаҳон ба проблемаҳои сабабҳои терроризм бисёр аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Ин мушкилот яке аз проблемаҳои асосӣ ҳангоми коркарди меъёрҳои ҳуқуқии мубориза зидди терроризм мебошад. Дар зери сабабҳои ҷиноятӣ аз он ҷумла ҳаргуна намудҳои терроризм ин як ҳолати иҷтимойии инсонро мефаҳмонад, ки аз он амалҳои ҷиноятӣ пайдо мешавад. Дар асоси озмоишҳои  криминалогӣ сабабҳои тероризмро чунин тасниф дода мешавад: сабабҳои ҳуқуқӣ, ичтимоӣ-иқтисодӣ, тарбиявӣ, идеологӣ, психиологӣ ва дигар омилҳое, ки дар ҳаёти инсон меояд. Таҳлили инро чунин иброз кардан мумкин аст;

Аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ, бехабар будан аз вуҷуд доштани Кониститутсия Чумҳурии Тоҷикистон ба ташвиқоти  таргиботчиёни равияҳои ифротгаро дода мешаванд. Надоштани шароити моддӣ, паст будани сатҳи зиндаги ҷавононро маҷбур месозад, ки ба ивази маблаѓи калон ба манқуртони гуруҳҳои террористи табдил ёбанд.Мактабу маориф ва беаҳмиятии волидон дар оила  сабаби паст шудани мафкураи дарки дурусти интихоби роҳи зиндаги оварда мерасонад. Доштани дониши сусти  сиёсӣ низ сабаби ба гуруҳои ифротгаро дода шудан аст.Аслан, максад ва мароми таргибртчиёни ифротгаро магзшӯи намудани чавонон, яъне дигар намудани психалогияи онҳо аз олами ҳастӣ ва пурра дода шудан ба фикру акидаи онҳо мебошад.

Дар Ҷаласаи VIII-и СММ дар шаҳри Гавана соли 1990 ба сабабҳои терроризм чунин таъинот дода шуд: қашоқӣ, бекорӣ, бесаводӣ, норасогии манзили истиқоматӣ, норасогии соҳаи маъориф, тайёр кардани кадрҳо ва набудани пешравии зиндагонӣ аниқ карда шудааст.

Мо ҷавонони барӯманди миллати тоҷик вазифадоре, ки он ҷавонони роҳгумзадаро ба сӯи дунёи илму маърифат, зиндагии осоишта ҳидоят кунем, ин аст мақсади асосии мо.

Мардуми шарифи Тоҷикистон низ воқеаи фоҷиабори солҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард ва ба он хатогиҳо дубора роҳ нахоҳанд дод. Мо ҳеҷ вақт ақидаи худро иваз нахоҳем кард!

Солиҳов Фирдавс, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»

дар н.Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg