БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРЗИ ВАТАН БАРОИ МО МУҚАДДАС АСТ!

АНДЕША. Баъди заволи давлати Шӯравӣ, ки ҳама соҳаҳо аз Маскав ба қавле назорату тақсимбандӣ мешуданд, дар кишварҳои пасошӯравӣ бо сабаби маълум набудани хати марзи аниқ нофаҳмию нобасомонӣ доман паҳн кард. Агар дар гузашта ҳар як давлат худро ҳамчун аъзои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ меҳисобиду ба масъалаҳои баррасии марзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекард, баъди пошхурии ин империя дар пайи манофеи миллӣ ҳақу ноҳак мушкилоти марзӣ барои ин давлатҳо як маҳаки асосии муборизаҳои сиёсӣ гардид. Ин омил, бахусус дар давлатҳои Осиёи Миёна як омили хеле диққатҷалбкунандаю баҳсбарангез гардида, ҳатто сабабгори нобасомонию нооромӣ дар минтақаҳои марзии кишварҳо гардидааст.

   Метавон ҳадс зад, ки Тоҷикистон низ аз ин мушкилоти марзӣ ҳеҷ гоҳ орӣ набуду нест. Аз аввали таъсиси давлати шӯроҳо заминҳои таърихии миллати мо ғасб шуданд ва баъди барҳамхурии ин сохтор то ба имрӯз ин кашмакашию нофаҳмиҳо идома дошта, боиси марги инсонҳо дар сарҳад гардидааст.

   Мусаллам аст, ки халқи тоҷик аз гузашта то ба имрӯз дар баробари ғуруру иффати баланди тоҷикӣ сабру таҳаммул ва меҳмоннавозии баланди шарқиёна дорад. Шояд сабаб ҳамин аст, ки мо ба хотири ҳамсоядории муштарак дар даврони собиқ Шӯравӣ ба ҳамсояҳои худ имкон додем, ки дар минтақаҳои марзии марбут ба кишвари мо кору зиндагӣ кунанд. Ва аз меҳмондӯстию меҳмоннавозии мо истифода карда, имрӯз онҳо давои замину об ва дигар мушкилоти сунъии ба манфиати онҳо созгорро мехоҳанд амалӣ созанд.

     Муноқишаҳои охире, ки дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Исфара рӯй доданд, баёнгари он аст, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯи қирғиз ба хотири аз даст надодани замину бойгарӣ ба муносибатҳои қаблии дар сатҳи ду давлат ҳосилшуда беэҳтиромӣ зоҳир намуда, рӯи рост даст ба амалҳои муғризонаю иғвогарона мезананд. Аниқтараш,  ба заминҳои таърихии миллати мо бо назари ишғолгароӣ муносибат намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар ин росто манфиати бадастомадаашон аз байн наравад.

    Агар ба таърих назар афканем, ба хотири ҳамсоядории муштарак дар даврони собиқ Шӯравӣ ин заминҳо ба мардуми қирғиз ҳамчун иҷора ва ба хотири рушди соҳаи чорводорӣ дода шуда буданд ва маълум аст, ки баъди анҷоми муҳлати иҷора ва барҳам хурдани занҷираҳои муносиботи даврони Шӯравӣ ин заминҳо ба молики аслии худ бармегаштанд. Вале, мутаассифона бар хилофи муносиботи ҳавҷаворӣ ва байнидавлатӣ мушкилоти марзӣ дар минтақаҳои баҳсӣ, махсусан дар ҳудуди ноҳияи Исфара то ба ҳол ҳамчун мушкилоти аввал боқӣ монда, аҳолии минтақаҳои марзӣ бар сари истифодаи манбаъҳои табии обу замин зуд-зуд бо ҳам бархурд мекунанд ва ин нофаҳмигиҳо боиси дахолати низомиёни ду тарафи марз гардида, оқибат ба ҷангу хушунат ва истифодаи силоҳ оварда мерасонад. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо даргирии ахири марзӣ, ки сабабгори марги сарҳадбонони ду тарафи марз гардид, мебошад ва ин танишҳои марзӣ моро водор мекунад, ки дар ҳифозати сарҳади давлатӣ ва ватани маҳбубамон Тоҷикистон ҳамеша омодаю ҳушёр бошем.

   Метавон хулоса кард, ки танишҳои марзӣ худ ба худ пайдо ва амалӣ намешаванд. Ба иттилои дақиқ шахсиятҳои манфури ҷониби қирғиз аз нобасомонӣ дар марз манфиатдоранд ва барои пиёда сохтани хостаҳояшон ҳатто қавоини давлатдории худ ва созишномаҳои қаблан баимзорасидаи байни сарони давлатҳоро яктарафа сарфи назар месозанд.

    Мардуми  Тоҷикистон, ки шаҳди талхи ҷанги хонумонсӯзро дидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ хостгори танишҳои марзӣ ва ҷангу бесарусомонӣ нест. Ва ин бар он маъно нест, ки мардуми мо дар муқобили ин ҳама ноадолатию каҷназарӣ хомӯш бошад. Баръакс, дар сурати ҳалли дурусти худро наёфтани масъала ва ба тавтеа дода шудани аҳолии аз он сӯи марз ҷавонони сарсупурдаву ватандӯсти Тоҷикистон низ ҳифозати марзи давлатиро қарзи шаҳрвандии худ медонанд. Дар ин росто,  мо ҷавонони давлати соҳибистиқлол ҳамеша омодаем ва ба иродаи сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром мегузорем. Ба таври дигар, ҳар супорише аз ҷониби Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар мешавад, мо ҳамагон омодаем. Вале дидаю дониста ғайри ойини ҳамҷаворию ҳамсоядории муштарак якҷониба ба монанди доираҳои манфиатҷӯи қирғиз ҳеҷ гоҳ амал намекунем. 

   Ба ҳар сурат мо барои ҳифозати марзи давлатӣ ҳамеша дар сангарем ва намегузорем, ки як порча хоки ин Ватан, ки номаш Тоҷикистон аст, зери пойи аҷнабиёни хориҷӣ ва макони айшу ишрати доираҳои манфиатҷӯи хориҷӣ бошад.

    

Ошимов Абдураҳим, мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg