БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ЗИНДАГӢ БОЯД НАМУНА БОШЕМ!

ҶайҲун.   Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ оид  ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Масъулин  дар баромади хеш иброз доштанд, ки рисолати инсонӣ ин аст, ки оила барпо намуда, фарзанд ба дунё меорад, онро тарбия мекунад, ба ин минвол дар пайванди наслҳо нақши боризи хешро мегузорад. Ба ин маънӣ, дар зиндагии инсонӣ фарзанд аз ҷавҳари аслӣ ва ҳастӣ маҳсуб меёбад. Фарзанддорӣ дилхӯшии оила, обрӯву эътибори пайванди наслҳо ва дилпурӣ ба фардои зиндагии осоишта аст. Ба ин хотир моро  месазад, ки дар тарбияи дурусти онҳо ҳаматарафа кӯшиш намоем.

Дар идома бо дастгирии ҷамъомадагон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакил ба Конференсияи 28-уми ноҳиявии ҲХДТ пешбарӣ  гашт.

Дар доираи татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иқдоми ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар маъюб  кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg