БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО КАФОЛАТИ ФАРДОИ НЕК АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Давлатшоён”-и ноҳияи Темурмалик   мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла  рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Инчунин, дар ин раванд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гашта, дар он фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ташкилот ва пешбарии вакил ба конференсияи  ноҳивӣ  баррасӣ карда шуданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон  барои  таъмири  муассисаи  таълимии  деҳа   лавозимоти  зарурӣ  харидорӣ  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg