БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Театри вилоят” доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур намояндагони ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд. Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоӣ Саидзода Отахон оид ба 2,5 соли фаъолият муфассал ҳисобот дод.
Масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ сухан гуфта, иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани маърифати мардум саҳми кормандони соҳаи фарҳанг махсусан театр хело назаррас аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо омоданамудани намоишномаҳои хубу дилчасп мардумро ба фарҳанг ҷалб намоем.
Дар идома вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Аловиддин Абдуллоев оид ба мақому манзалати ҳизб дар байни ҷомеа ва иштироки фаъолонаи аъзои он дар чорабиниҳо ва вохӯриҳои ҳизбӣ андешаронӣ намуд. Дар идома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муҳокима карда шуд.