БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОД КАРДАН ШИОРИ МОСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лангар-1”-и шахри Норак маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  доир карда шуд.

Дар маҷлис аз фаъолияти  ташкилоти ибтидоӣ  натиҷагирӣ карда, бо дастгирии ҷамъомадагон раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз нав интихоб  гардид ва вакил ба Конференсияи XV-уми шаҳрии ҲХДТ  пешниҳод гардид.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилот як миқдор масолеҳи сохтмонӣ ба МТМУ №2 кумак карда шуд.

Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагию ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ карда, ҳамагонро барои  истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg