ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саъдии Шерозӣ”-и деҳаи Қиёти Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир гардид.
Масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, саҳми занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба заонон дар оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО, Гепотит, Сил, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда мешаванд, суханронӣ намуданд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.