ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстон”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакил барои иштирок дар Коференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуд.