БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ТЕХНАЛОГИЯИ МУОСИРРО БА МАНФИАТ ИСТИФОДА КУНЕМ!

ВАХШ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «8-Март 2»- и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо» вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан, роҳбарияти кумитаи иҷроия дар мулоқот қайд карданд, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ  технологияи навин яке аз масъалаҳои доғи рӯз гаштааст . Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи  паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Инчунин, тазаккур дода шуд, ки гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg