Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Халевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, дар он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 14-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баррасӣ гардиданд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа намояндагони ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад карда, авфи беш аз 20 ҳазор гумонбарон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагонро дар арафаи ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хислатҳои беҳтарину инсонпарварона ва башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.