БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТ БА ҲУШЁРИЮ ЗИРАКӢ ВА МАСЪУЛИЯШИНООСӢ ҲИДОЯТ КАРД

Ш.ШОҲИН.  Дар  доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар толори муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов ва  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло семинар-машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар семинар-машварат узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раиси ноҳия Зарифзода Почохон, гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби занон, ҷавонон, зиёиён, ширкат доштанд.

Маҳмадулло Наимов дар бораи моҳият ва муҳтавои маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистода  ҳарф зада, ҳамагонро таъкид намуд, ки моҳияти интихоботро  дуруст дарк намоянд.

Раҳмонзода Абдулло доир ба шаффоф ва дар доираи қонунҳои амалкунанда баргузор гардидани интихобот, пешгирӣ аз қонуншиканӣ сухан гуфта, аъзои ҳизбро ба ҳушёрию зиракӣ ҳидоят кард.

Дар охир дигар шахсони даъватӣ низ дар бораи масъалаҳои мазкур фикру ақидаронӣ карда,  ҷамъомадагонро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани  маъаракаи муҳими сиёсӣ, ки масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад,   даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg