БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб ва Шӯрои собиқадорон сминар – машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

Семинари мазкур бо иштироки Раҳмонзода Абдулло Қӯрбоналӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Маҳмадулло Наимов мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТва дигар шахсони даъватӣ оғоз гардид.

Зимнан, Ҳамидиён Орзу раиси Кумитаи иҷроия машваратро  ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ин иқдоми КИМ ҲХДТ барои тақвияти дониши сиёсии ҳар як аъзои ҳизб саривақтӣ мебошад.

Баъдан,  Маҳмадулло Наимов зимни баромади худ гуфт, ки масъалаи дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, махсусан интихоботи мақомоти намояндагӣ аз масъалаҳои меҳварии семинари  имрӯзаамон баҳисоб мерафт.

Бо назардошти ин, таъкид доштанд, ки мо ҳизбиёнро зарур аст интихоботро ба василаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ ва бавуҷудоваранда якдиливу якмаромии сокинон табдил диҳем.

Дар навбати худ Раҳмонзода Абдулло изҳор кард, ки дар  созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ ҲХДТ обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаи он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудааст. Мавсуф дар идома таъкид сохт, ки роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқӣ ва умуман ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст дар амалӣ шудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешорӯи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ бо дарки баланди масъулияти ҳизбӣ саҳми шоистаи худро гузоранд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки семинари мазкур дар пеш бурдани фаъолияти минбаъдаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg