Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ бо дастгирии соњибкорони мањаллї дар ташкилоти ибтидоии “Истиќбол”-и Љамоати дењоти Калинин ноњияи Ҷалолиддини Балхӣ бо љалби сокинон корҳои бунёдкорӣ баргузор гардид, ки дар он бо тариќи њашар 2 километр роњи мањаллаи мазкур мумфарш карда шуд.
Ин иқдоми неку созанда аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуда, чанде аз онҳо миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Сипас, дар қисмати сиёсии чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбро мулоҳизаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳадафҳои созандаи ҳизб танҳо ба манфиати давлату миллат равона карда шуда, мақсаду маромаш таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва ободии Ватан мебошад.