
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Хумдон»-и Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд ва пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, ҳамзамон пӯшидани сару либоси ба мардуми мо бегона фикру андешаҳои хешро баён намуда, сокинонро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.