БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ РАҲНМО ДАР СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРИСТ!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал”-и ноҳияи Ховалинг бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида  шуд. 

Масъулини ҳизбӣ доир ба   вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон  ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ, роҳҳои  асосии мубориза бо терроризм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, мубориза бар зидди  бемории ВНМО, андешаронӣ карда,  қайд доштанд, ки  аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва  дигар  ҷонибдорони ҳизб барои дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода намоянд.

Дар  роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ  ба оилаи ниёзманд, собиқ корманди хоҷагӣ, собиқадори ҷангу меҳнат Аҳёхоҷа Мирзоев  кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg