БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: МО ҚУВВАИ ТАВОНОЕМ !

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ташкилот оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ба аъзо маълумот дода, қайд дошт, ки бо ибтикори ташкилоти ибтидоӣ роҳи деҳаи Меҳнатобод бо дастгирии сокинони маҳал, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша то деҳаи Гулобод мумфарш карда шуд. Дар ин баробар аъзо раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб карда, вакилро ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карданд.

Сипас, масъулини ҳизбӣ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи амалии солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg