
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Хоҷагии ҷангал», «Беморхонаи марказӣ», «Боғчаи №3», «Маркази саломатӣ», «Иттифоқ», «Шафтолубоғ», «Нури шарқ», «Дустӣ», «Навободи поён»-и ноҳияи Фархор маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, раисони ташкилотҳои ибтидоии болозикр оид ба фаъолияти дусолаи худ ҳисобот доданд. Бо дастгирии аъзо шахсони арзанда раисони ташкилотҳои ибтидоӣ интихоб шуда, вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.