БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАМОИШ ҲУНАРМАНДОНРО РӮҲБАЛАНД КАРД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази таҳсилоти калонсолон”-и ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Масъулин  зимнан дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла  рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба  истифода додани чархаи  дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашта истодаанд,  ва ин  барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст ҷавобан ба  ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат  бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Сипас, дар қисмати фарҳангии  чорабинӣ  бахшида ба Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуда,  маҳсули дастони ҳунармандони марказ ба намоиш гузошта шуданд. Ба намоиш намояндагони ҳизбӣ шинос шуда, барои сайқал додани анъанаҳои неки ниёгон  тавсияҳои судманд доданд.

Аъзои ташкилоти ибтидоӣ  аз баргузории ин чорабинӣ  руҳбаланд гардида,  иброз доштанд, ки  барои рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ  оянда аз ин ҳам беш талош хоҳанд варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg