БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУВАФФАҚИЯТИ МО АЗ ИТТИФОҚИВУ ЯКДИГАРФАҲМИСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Пуштароғ»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ  вохӯрии судманд доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия кунем, то онҳо баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода бошанд. Зимнан иҷрои  бечунучарои Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад, мавриди суҳбат карор гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» тарғиб гардида, сокинон барои роҳандозии амалҳои хайрхоҳона ҳидоят шуданд.

Вобаста ба ин, бо ташаббуси  раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Сулаймон Мирзоев бо ҷалби мардуми саховатманди деҳа роҳҳои маҳалла мумфарш гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg