БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ ҲИЗБИЁН СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов вохӯрӣ доир карда шуд.

Масъулини  ҳизбӣ зимни суҳбат атрофи ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби фаъолони ҳизб ва шахсони саховатпеша бартараф кардани мушкилоти мардум дар сохтмони марказҳои саломатӣ, мактабҳои наву замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони дигар иншооти хизматрасонӣ дар қаламрави деҳот, дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ маслиҳати судманд доданд.

Қайд шуд, ки дар амалӣ шудани ин ҳадафу пайкор саҳми ҳизбиён бояд бештар бошад.

Дар фарҷоми мулоқот дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо кумаки сокинон  роҳҳои дохили деҳа мумфарш карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg