БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ НИЗ БОЯД ЗИДДӢ КОРРУПСИЯ МУБОРИЗА БАРАД!

ДАНҒАРА. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    Дар ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар”-и Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи  Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти кумитаи иҷроия  дар баромади хеш дар хусусӣ   мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ибрози назар карданд, ки  имрӯз коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд.

Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин зуҳуроти номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарноки ҷомеа нафақат вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад, зикр доштанд баромадкунандагон.

Ҳамзамон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир  шуда,  дар  он  ҳисоботи раиси ташкилот ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ гаштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg