БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪРАКАИ СИЁСӢ МАСЪУЛИЯТИ ҶИДДӢ МЕХОҲАД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Орзу”-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ доир гардид. 

Дар он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти  ҳизбӣ дар давраи моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби вакилон ба конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ гардиданд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа ибрози назар карданд.

Дар охир масъулин иштирокчиёнро даъват карданд, ки барои  дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими дарпешистода,  масъулияти  ҷиддӣ дошта бошанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg