БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР–МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР ХОВАЛИНГ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 27  сентябри соли 2019 барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилон халқ бармеояд, дирӯз  дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбонлӣ семинар–машварати ҳизбӣ  доир карда шуд.

Дар семинар-машварат аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб иштирок карда, бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Халилзода Сафар оғоз намуд.

Маҳмадулло Наимов ва Раҳмонзода Абдулло ҳозиринро бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ба таври васеъ шинос карданд.

 Дар ҷамъбаст муовини раиси ноҳия Г. Аҳрорзода барои баргузории семинар-машварати ҳизбӣ, ки он  мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегирифт,  изҳори миннатдорӣ намуда,  аз ҷамъомадагон ҷиҳати фаъолона  иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg