БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМ ДАР ҶОЕ РУШД МЕКУНАД, КИ БА ОН АРЗИШ ҚОИЛАНД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷиробод»-и Ҷамоати деҳоти Дарқад мулоқот доир намуд.

Дар ин мулоқот мавсуф   оид ба  пурзӯр намудани маъсулияти падару модар ҷиҳати таълиму тарбия фарзанд, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва илмомӯзӣ тарбия намудани насли ҷавон, боло бурдани сатҳи маърифати сокинон дар масъалаи сарфакорию сариштакорӣ ва роҳ надодан ба хароҷотҳои зиёдатӣ ҳангоми маросимҳои тӯю азодорӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки роҳе, ки ояндаи дурахшони миллати тоҷикро месозад ин илм аст. Илм дар ҷое рушд мекунад, ки ба он арзиш қоиланд, пас моро месазад илмро ҳамчун арзиши воло пазируфта, фарзандонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем.

Дар охир сокинон барои баргузории вохӯрии сухдманд  изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки воқеан суҳбату вохӯриҳо ба мафкураи мо  таъсири мусбат хоҳад расонд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg