БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БЕПОДОШ НАМЕМОНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб” мулоқот доир карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар баромадашон қайд доштанд, ки соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, саломатӣ ҷомеа боигарии миллату давлат мебошад.

Зикр доштанд, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи тиб таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаҳои тиббӣ бо тарзи муосир сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин миён мо табибонро зарур аст, ки барои солимии ҷомеа, ки асоси рушдёбии давлатро ташкил медиҳад, тамоми донишу малакаи худро истифода намояянд.

Дар ҷараёни чорабинӣ табибон – аъзои фаъоли ҲХДТ барои анҷом додани корҳои тарғиботиву амалӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ҲХДТ дар самти солимии ҷомеа, инчунин саҳми арзанда гузоштан дар бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg