
Н.ХУСРАВ. Дар доираи соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг”-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҳисоботи–интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳия қайд дошт, ки ҳизбиёни ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ба роҳ монда, корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат мебахшанд. Аз ҷумла дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ҳаллу фасл намудаанд.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, ба конференсияи навбатии ҲХДТ дар ноҳия ду нафар аъзои ҳизб вакил интихоб гардиданд.