
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сарбанд»-и Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода- интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба дарки ҷомеа расонидани оқибатҳои нангини амалҳои хоинони давлату миллатро баррасӣ карда, аз ҳамагон барои татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.
Сипас, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гашта раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб ва вакил ба конференсияи ноҳиявӣ пешниҳод гардид.