БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ИҚДОМ»

ФАРХОР. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Иқдом»-и Ҷамоати деҳоти Ватан доир гардид.

Дар он масъулини ҲХДТ дар назди ҳозирин, оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеъаи имрӯза, масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об, ҳамқадами замон будан дар масъалаи пешбурди илм ва таълиму тарбия суханронӣ намуданд.

Дар охири мулоқот сокинони маҳал ва роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур аз баргузории чунин мулоқот изҳори минатдорӣ намуда, барои боло бурдани сатҳи донишҳои сиёсӣ ва маънавии мардум мусбат арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg