
НОРАК. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари Гузар”-и шаҳри Норак Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” ва маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гашт.
Дар қисмати амалии аксия аз ҷониби аъзо ва сокинони деҳаи Сари Гузар барои сохтмони синфхонаҳои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 як миқдор хиштҳои сементӣ кумак расонида шуд.
Дар вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, аъзо аз нав раиси ташкилотро интихоб карданд. Ҳамзамон аз ҷониби аъзои такшилоти ибтидоӣ вакил ба Конференсияи XV-уми ноҳиявии ҲХДТ пешниҳод гардид.