
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштаи масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳияи Кӯшониён бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин перомуни татбиқи дастурҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, риояи дурусти одоби муошират, пешгирӣ аз истифодаи доруҳои бесифат ва муҳлаташон гузашта ҳарф заданд.
Ҳамчунин оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёну равияҳои ифротгароӣ андешаҳои судманд баён доштанд.