
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чаманзор”-и Ҷамоати деҳоти Даҳана маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, дар маҷлис ҳисоботи раис, интихоби раис ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 14-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа намояндагони ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, бобати авф гардидани 20 ҳазор маҳбусон, ки аз ҷумлаи иқдомҳои инсондӯстона ва раиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ибрози назар намуданд.
Дар охир ҳамагон барои саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ Ватани азиз ҳидоят гардиданд