БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ДУРУСТ ИНТИХОБ МЕКУНЕМ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии  «Маркази саломатӣ» гузаронида шуд.

Дар рафти маҷлис  раиси ташкилоти ибтидоии мазкур доир ба фаъолияти  9-моҳа ҳисобот дода, афзуд, ки татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  вазифаи ҳар як аъзои ҳизб мебошад ва моро зарур аст, барои  шаффофу демократӣ гузаронидани маъаракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳамаҷониба омодагӣ бинем. Сипас, бо дастгирии  иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида,  вакилон ба Конференсияи  ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуданд.

Дар охир намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, ҳамагонро даъват карданд, ки дар корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ  фаъол бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg