БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ШИОРИ МОСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.       Дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар қисмати аввали чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, як қатор масоили ҳалталабро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идома қисмати ҳисоботӣ-интихоботии маҷлис баргузор гашта, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида шуд ва бо дастгирии ҷамъомадагон  раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гашт. Ҳамчунин дар ин баробар шахси арзанда ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ  гардид.

Баъдан  дар   доираи  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!» сокинон дар ободу зебо гардонидани кӯчаҳои маҳалла ва ободонии боғи фарҳангиву истироҳатии ноҳия  саҳм гузоштанд .  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg