
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази кумакрасонӣ дар хона»-и Ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ доир гардида, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» амалӣ шуд.
Роӽбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар бораи моӽияти қонунӽои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарӽангии ҷомеа суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан, ё барӽам додани расму оинӽои халқӣ ва маросимӽои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрӽои баргузории онӽо ба раӽоии мардуми кишвар аз банди ин худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем.
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Муӽофизони Ватан» ба ду нафар шахсони ниёзманд кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд