
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Қадриддин Ғиёсов”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири омодагӣ ва истиқболи санаҳои таърихӣ, 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба хотири татбиқи самарабахши қарор ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, ки дар соли 2019 Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон карда шудааст, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя хал мекунем!” бо ҷалби сокинон, алалхусус соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагию бунёдкорро амалӣ карда истодаанд.
Дар доираи чунин ободкориҳо роҳи дохилии маҳаллаи Гулистони ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур таъмир карда шуданд. .
Пас аз анҷоми Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар назди сокинон оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ сухан гуфта, барои дастгирӣ ба саҳмдорон изҳори миннатдорӣ карданд