
Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидои “Ҷавонон”-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҳисоботи –интихоботӣ ва пешниҳоди вакилон ба Конференсияи навбатии ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, аъзо аз нав раиси ташкилотро интихоб карданд.
Дар қисмати масъалаи дуюми рӯзнома 5 нафар аъзои ҲХДТ ба Конференсияи ноҳиявии ҳизб вакил нешниҳод шуданд.
Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ализода С. баромад намуда, оид ба рафти корҳои омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани қонференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбӣ дар ноҳия ахборот пешниҳод намуд.