БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЯ ФАЪОЛ БОШЕМ!

Хуросон.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сумбула»-и Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, аъзо ва тарафдорони ҳизб вохӯрӣ  баргузор гардида, мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон таълиму тарбияи фарзанд, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва татбиқи   амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  баррасӣ шуданд.

       Дар охири вохӯрӣ иштирокдорон ба синфхонаҳое, ки дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкори ҳамин деҳа сохта ба истифода дода шуда буд, шинос гаштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg