БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОФОТ ДУШМАНИ ДИНУ ФАРҲАНГ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хурамзамин» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот мавсуф  оид ба тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни аҳолӣ ибрози назар карда , аз ҷумла қайд дошт,  ки мо аъзои ҳизбро зарур аст дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошем. Қайд шуд, ки  яке аз анъанаҳои мардумӣ  эҳтироми калонсолон   мебошад, ки матаассифона, солҳои охир бо хуруҷи ақидаҳои ифротӣ аз ҷониби баъзе душманони фарҳанги миллӣ заиф гардидааст ва онро бояд дубора эҳё  намоем. Хусусияти маънавии эҳтиром ба куҳансолон, хоса волидон аз он иборат аст, ки онҳо дар маҷмӯъ ҳаёти худро баҳри ба дунё овардану ба воя расонидан ва тарбия намудани мо сарф намудаанд ва эҳтироми мо ба эшон подоши заҳматҳои онҳост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg