
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №2», «Боғчаи №7», «Нури замин», «Маҳаллаи №10» ва «Арча»-и ноҳияи Фархор маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардиданд. Раисони ташкилотҳои ибтидоии болозикр оид ба фаъолияти дусола ҳисобот дода, вазифаҳои навбатиро мушаххас карданд. Дар идома раисони ташкилотҳои ибтидоӣ интихоб ва нафарони арзанда ба вакилии Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд. Дар маҷлисҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва омодагӣ ба маъараки муҳими сиёсии дарпешистодаи интихобот тавсияҳои судманд доданд.