ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Қиблаӣ” баргузор гардида, дар он масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳои беназир ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Мо сокинонро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон ба маблағи 1100 сомонӣ маводи зарурии таъмирӣ харидорӣ карда, ба муассисаи мазкур кумак расониданд.