БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат”-и шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ  доир карда шуд. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, аз нав раис  интихоб гашт ва вакил ба конференсияи XV-уми ҲХДТ дар шаҳри Норак пешниҳод гардид.

Дар идома масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, алалхусус пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  ба дарки ҳамагон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад, ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии мамлакат шароити хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҷавонони моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифаи фарзандии хешро адо намоянд.

Дар охир ҳамагон даъват гаштанд, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ободии маҳал ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg