БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДРШИНОСӢ АЗ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо кормандони соҳаи маориф дар ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия шаҳрии ҳизб иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни мулоқот мавсуф гуфт, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, маҳз омӯзгорон насли имрӯзу ояндаро донишманд ва дар руҳияи ватанпарастиву худшиносии миллӣ тарбия менамоянд.

Дар идома зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ бо тарзи муосир сохта ба истифода дода шуданд. Дар навбати худ мо маорифчиёнро зарур аст, барои тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон тамоми донишу малакаи худро равона созем.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба омӯзгорон-аъзои фаъоли ҲХДТ барои анҷоми корҳои тарғиботиву амалӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ҲХДТ дар самти илму маориф, инчунин саҳми арзанда гузоштан дар бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg