БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки ҲХДТ якҷоя бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки насли ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ тарбия ёфтан ва соҳиби донишҳои муосир, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа тамоми нерӯи худро равона сохта, пайваста тавассути суҳбату мулоқотҳо ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ иқдом менамоянд.

Инчунин, изҳор гардид, ки дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати  хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад. Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дар ин замина пеш аз ҳама мебояд ҷавонон дар ободии Ватан саҳм гузошта, дар чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ беш аз пеш фаъол бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg