
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ҳисоботи раиси ташкилон аз давраи моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019, интихоби раиси ташкилот ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 14 –уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар идома намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз ҳолу аҳволи шуъбаи кӯдаконаи муссиса хабар гирифтанд.