
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Розиён”-и Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар масоили моҳияти арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикон ва мавқеи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни башарӣ, барнома ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, амалишавии босуръати ҳадафҳои миллии стратегии мамлакат, корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардида, раиси ташкилот аз нав интихоб ва вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.