
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маӽалаи Саричашмаи Ҷамоати деӽоти Худоёр Раҷабови ноӽияи Восеъ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохȳрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароиро касб намуд. Ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии шаҳрвандон зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани Истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид.
Қайд шуд, ки мақсад аз қабули қонунҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ мебошад, зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқиша истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем, иброз доштанд баромадкунандагон.