Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Баҳор»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида шуда, вазифаҳои навбатӣ мушаххас карда шуданд.
Дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, ба номзадии вакилӣ шахси арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб дорад, ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.
Ҳамзамон, масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.