БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНД БОЯД ВАТАНДӮСТ ТАРБИЯ ЁБАД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Меҳрубон»-и  Ҷамоати шаҳраки Балх хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба хусус, сафарбакунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баромад карда, қайд доштанд, ки  хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист. Таъкид шуд, ки бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан-Модар омода намоем ва онҳо пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд, иброз доштанд баромадкунандагон.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg