
Санаи 15-августи соли 2019 бо Қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Воқеъан ҳам ин тасмими оқилонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва зарурӣ аст. Ин паймони дуруғин ҳамон ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ мебошад, ки бо либоси нави худ ба саҳна баромадааст.
Таъсиси ин паймони дурӯғин (Паймони миллӣ), пеш аз ҳама ҳадафи тиҷоратӣ дорад. Ин паймони дурӯғин, ки худ як шохаи ТТЭ ҲНИ аст ягон нишонаҳои аҳду паймоне, ки ба ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои миллӣ мардуми Тоҷикистон рабт дошта бошад, дар ҳадафу барномаҳояшон дида намешавад.
Таърихи таъсисёбии ин паймони дурӯғин аз онҷо сарчашма мегирад, ки чандин нафар аз аъзои Раёсати олии ташкилоти терористӣ экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ барои эътирофи ҷиноятҳояшон худро ба мақомоти қудратии Тоҷикистон таслим намуда, ҳадафҳои разилонаю хиёнаткоронаи Кабирию ҳамаслаконашонро, ки аз суи мақомоти разветкавии кишварҳои “ба мо маълум” идора мешуданд, ифшо намуданд, ҷомеъаи ҷаҳон аз ҳадафҳои ифротгароёнаи наҳзатиҳо, ки ҳамеша зери ниқоби дини мубини ислом пинҳонаш мекарданд, огаҳӣ пайдо карда, хатари ҷиддиии терроризму экстримизмро эҳсос намуданд, сипас, кишварҳои аврупоиву исломӣ ва доираҳои махсус маблағгузориро ба ТТЭ ҲНИ қатъ карданд. Аз суи дигар шакку шӯбҳа дар байни дигар аъзои ТЭТ ҲНИ ба вуҷуд омад. Ин омил боис гардид, ки гурӯҳу созмонҳои дурӯғин аз ҳам ҷудо шаванд ва аз Кабирӣ дурӣ ҷӯянд.
Ба ин хотир лозим буд, ки барои таваҷҷуҳи хоҷагонро дубора ҷалб намудан ягон чораҳои зарурӣ андешанд. Маҳз ба ин хотир дар пайи таъсиси як созмони нави дидгоҳи дунявидошта, шуданд.
Сипас, ҷиҳати замина гузоштан ба таъсиси паймони дурӯғини худ моҳи августи соли 2018 боз дурӯғеро руи кор оварданд. Яъне пеш аз ҷаласаи солонаи САҲА дар моҳи сентябри соли 2018 як нафар бо номи Маҳмадали Расуловро “Гуё” афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бошад ба навор мегиранд. Номбурда дар ин навори дурӯғин идаоъ мекунад, ки аз ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даст мекашад ва намехоҳад, ба куштори ҳамватанони хеш даст бизанад. Баъд аз пахши навор дар фазои интернетӣ дар чеҳраи он шахс маълум буд, ки касе уро сахт тарсонидааст. Бо баробари пахши навор аз суи ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба дуруғу сохта будани суханони шахси дар наворбуда, бархурди ҷиддӣ сурат гирифт. Аксариат ин наворро амали дасти наҳзатиён номиданд. Нафарони дигар, он шахсро хиёнаткору ватанфурӯш номиданд. Ҷолибтар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷбудаи тоҷик эътироф карданд, ки ин нафарро мешиносанд ва ба қавли онҳо “Профессиональный мошенник” аст. Маълум гашт, ки он шахс дар Русия барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз онҳо пул гирифта, баъдан ғайб мезадааст. Барои чунин амалҳояш ба рӯйхати сиёсӣ мафиозҳои криминалӣ афтида, қасди ҷони уро доштанд. Ягона роҳи наҷоташ аз ин мушикилӣ пешниҳоди Кабириро қабул намудан дар мавриди ба навор гирифтани у ҳамчун афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи пахши навори мазкур моҳи августи соли 2018 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изоҳорот дод, ки чунин корманд надоранд.
Баъди таҳқиқу таҳлилҳо маълум гашт, ки ин бозиҳои Муҳиддин Кабирӣ будаст.
Баъд аз чунин бохтҳои бузурги сиёсӣ ва чунин ранг гирифтани кор бо дастури “хоҷагонони маълум”, ки маблағҳои калонро барои фаъолиятҳои хиёнаткоронааш ба Кабирӣ дода буданд, лозим буд ба ҳар роҳу васила гурӯҳҳои парокандашударо ҷамъ намуда, бо либоси нав зуҳур намояд ва фаъолиятҳояшро идома диҳад.
Сипас, бо дастуру роҳнамоиҳои ҷосусони “кишварҳои маълум” қарор доданд, ки бояд пеш аз ҷаласаи солонаи САҲА, ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) баргузор мегардад, Кабирӣ бояд як нафарро ба навор гирифта, онро ҳамчун корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ кунад ва дар шабакаҳои интернетӣ пахш намоянд. Сипас, барои ин кор Маҳмадали Расуловро, ки ягона илоҷи зинда монданаш пешниҳоди Кабириро қабул намудан буд, ба ин кор розӣ мешавад. Кабирӣ он шахсро моҳи августи соли 2018 ба навор гирифта, дар фазои интернетӣ пахш намуд. Бо ин навор нишон додан хост, ки гӯё ин шахс бо ТТЭ ҲНИ ягон иртибот надорад. Ин ҳадаф аз як тараф таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонро суи ташкилоти терористӣ экстеремистии наҳзати ислом ҷалб намуд ва аз тарафи дигар “Гӯё” исбот кардан хост, ки Кабирӣ ва дигар мухолифин зери хатари ҷиддӣ қарор доранд ва ҷомеъаи ҷаҳон бояд ба онҳо кӯмак кунад.
Аз суи дигар Кабирӣ бо ҳиллаву найранг аъзои гурӯҳҳои дигарро, ки аксариат бесаводу камтаҷриба ва пароканда буданд, бо пахши ин навор онҳоро низ тарсонида, бо дастури у бо роҳу василаҳои маъмулӣ ба ҳар яки онҳо занг зада, худро кормандони амният муаррифӣ карданд ва пешниҳоди ба Ватан баргаштанашонро медиҳанд. Аз тарафи дигар боз худаш Кабирӣ расман ба онҳо хабар медиҳад, ки амниятиҳо шояд ба Шумо занг зананд ҳарчи мегӯянд боз фирефта нашавед, онҳо дурӯғ мегӯянд. Кабирӣ бо ин кораш “Гуё” исбот намуд, ки кормандони мақомоти амниятӣ дар дохилӣ онҳо низ ҳаст. Агар мо якҷо нашавем моро зуд аз байн хоҳанд бурд. Дар он шабу рӯз “Обсофкунакҳои” наҳзатӣ (ба қавли худи онҳо) ин масъаларо дар сомонаву саҳифаҳои интернетии худ барои мутақоид намудани дигар гурӯҳҳо пушиши дигар дода, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намуданд.
Сипас, дар ҷаласаи САҲА 12 – сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Полша зери чатри ҳомиёни ҳуқуқи башар чанд гурӯҳу созмоне, ки танҳо бо ном вуҷуд дорад, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Озодандешон, Созмони ислоҳот ва рушд ва созмони муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онҳоро мухолифини сиёсӣ номид, боз як ташкилиоти дуруғинеро бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин ташкилоти навтаъсис шохаи нави ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизбии наҳзати исломӣ мебошад. Чанде пеш ҷашни солгарди таъсиси худро ҷашн гирифтанд. Яъне як созмоне, ки танҳо дар шабакаҳои интернетӣ саҳифаи расмӣ дорад ва бо дурӯғу туҳматҳо ва суханони подарҳавои роҳбаронашон миёни корбарони шабакаҳои интернетӣ таблиғоту ташвиқот мебаранд, чунон солгарди худро бузургу бошукуҳ нишон дода ҷашн гирифтанд, ки мисли “Аз пашша фил сохтан”-ро мемонд. Аммо ин шодии онҳо дароз давом накард боз ба мотам табдил ёфт. Чун аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин паймони дурӯғин бино бар сабаби таблиғотҳои идеологияшон, ки характери радикаливу ифротӣ дорад, ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар дохили Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шуд.
Ҳамакнун қатор кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла ҳашт кишвари иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) эътироф намуданд, ки ҳизби наҳзати исломӣ воқеъан ҳам ташкилоти террористӣ-экстеремистӣ мебошад ва аз суи давлатҳои исломӣ махсусан баъзе кишварҳое бо мо дӯст ва ҳамфарҳанг, ки то андозае имрӯз пуштибони тероризми ҷаҳонӣ низ аст, маблағгузорӣ мешавад ва хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи ин кишварҳо дорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қоидаи сармоягузорӣ ба чунин ташкилотҳо ҳамин аст, ки ба он нафаре ё ташкилоте пул дода мешавад, ки агар аз руи принсипу қоидаҳои онҳо амал кунад. Кабирӣ низ аз руи қоидаву дастурҳо ва принсипҳои онҳо амал карда истодааст. Як дам худро пушдибони дину мазҳаб тарошида ба оғуши охундҳои эронӣ мепартояд, як дами дигар ба оғуши арабҳо ва як дами дигар худро ҳамчун сиёсатмадори дидгоҳи дунявидошта, ба оғуши созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва давлатҳои авруппоӣ мепартояд. Ҳамин аст, шеваи мубориза барои гурусна намондани Кабирӣ ва наздиконаш.
Наҳзатиҳо бо пахши навору баромадҳои мустақимашон дар шабакаҳои интернетӣ фикр мекунед, ки он гурӯҳҳо ва давлатҳое, ки дар пушти онҳо меистанд ҳеҷ кас намедонад. Аммо ҳама чиз мисли рӯз равшан аст.
Он ҷавононеро, ки Кабирӣ дар гирдаш ҷамъ кардааст ҳама бесаводу ноогаҳанд. Барои Кабирӣ одами босавод лозим нест, чун одаме, ки дарку фаҳми дуруст дорад раванди корро дарк карда ҳаргиз барои манфиатҳои дигарон худро дар хатар намемонаду бо инҳо шамроҳ намешавад. Аз ин хотир барои Кабирӣ принсипи худам босаводам, зертобеъон бояд бесавод бошанд афзалият дорад.
Яқинан аксариати фирбхурдагоне, ки Кабирӣ дар гиридаш ҷамъ овардааст намедонанд чӣ кор кардаистодаанд, фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Ватану миллат хизмат мекунанд. Аз ҷумлаи чунин нафарон Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки вай яқинан ноқисулақл аст ва ё девонаи ростина, чун воқеъан ҳам худаш намедонад дар филмҳои тасвирияш ва наворҳои мазҳакавияш чӣ мегӯяд ва ин гуфтаҳои у ба равони мардум чӣ таъсир мерасонад. Сюжети филмҳои тасвирии Муҳаммадиқбол идеологияи таблиғотии ДОИШ ҳеҷ фарқият надорад. Баръакс “филмҳои тасвири”-и ин наҳзатӣ ифротитар аз ДОИШ аст!
Дар Тоҷикистон, ки соли оянда интихоботҳои Парламентиву Президентӣ бояд баргузор шавад, бо истифода аз ин раванд наҳзатиҳо бо пахши наворҳои видеоии худ таблиғу ташвиқ доранд, ки дар интихоботи оянда иштирок мекунанд. Як дам Кабирӣ эълон мекунад, ки мехоҳад Президент шаваду як дами дигар Шарофиддин Гадоев бо мағзи пучаш, як дами дигар Иззат Амон. Аҷибаш ин аст, ки онҳо дуруст медонанд, ки ҳеҷ кадоми инҳо қонунан ҳуқуқи иштирок дар интихоботро надоранд. Чун тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне метавонанд дар интихоботи Президентӣ номзадии худро пешниҳод намоянд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, доғи суди надошта бошанд ва даҳ соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ карда бошанд. Аммо инҳо ба қавли худашон президентшав мебошанд. Аҷаб мантиқи аблаҳона.
Хулоса, дар ягон давлати дунё ба Кабириву Шарофиддин, Саидюнусу Алим Шерзамон ва дигарон ҳамту иҷозат намедиҳанд, ки онҷо паймону созмонҳои сиёсӣ ташкил бидиҳанду бар зидди давлатҳо муборизаҳои сиёсӣ баранд. Барои ҳеҷ як давлате мушкилӣ бо давлати дигар лозим нест.
Ҳамон немисҳову ҳамон ҳоландиҳову ҳамон полякҳо аз Кабириву аз дигар наҳзатиҳо ва аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо безоранд ва барояшон ҳеҷ аҳамияте надоранд. Ҳатман дар паси ин кор мақомотҳои амниятиву разветкавияшон ва ё дигар давлатҳои манфиатдор меистанд. Он давлатҳо барои манфиатҳои худашон ба ин кор иҷозат медиҳанд. Вагарна ҳатто ба як нафар наҳзатӣ ҳам иҷзоат намедиҳанд, ки дар кӯчаву рустоҳои авруппо ҳади ақал бомжбарин зиндагӣ кунад, куҷо расад ба таблиғотҳои сиёсӣ!
Шаҳбози Искандар,
корманди КИ ҲХДТ
дар вилояти Хатлон