БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Борбади  Марвазӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки масъулини ҳизбӣ доир гардид.

Зимни  баромад  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баррасӣ   шуда,  таъкид гардид, ки айни ҳол шароити хизмат – машқу тамрин, таъминот ба сару либос ва хӯрокворӣ дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат ба талабот ҷавобгӯ буда, сарбозон дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ қарзи фарзандиро дар назди Ватан -Модар сарбаландона иҷро менамоянд. Дар қисмҳои ҳарбӣ барои наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзиши лавозимоти ҳарбӣ бо тамоми шароит, хобгоҳу китобхонаҳо, тавақуфгоҳи техникӣ, нуқтаҳои тиббии саҳроӣ, хонаҳои фароғативу фарҳангӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидон, майдонҳои варзишӣ, ошхона ҳаммом муҳайё гардидаанд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмат ва истироҳати сарбозон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар рӯз ғамхори зоҳир гардида, тадбирҳои зарӯрӣ амалӣ карда мешаванд.   

Ҳамчунин, дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардида,  вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал суханронӣ карда шуд. Дар ин маҷлис пешбарии як нафар вакил ба конфренсияи ҳизбии ноҳия масъалагузорӣ шуда, аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ бо як овоз номзадии Холматов Тағойқул ба конференсияи ноҳиявии ҳизб пешбарӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg